<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Ба пайравии таронаи 8 дар китоби Забур Хд144</title>
<lyrics>[V1]
.C                    G
 Номат, ки шукӯҳи ҷовидон аст,
.Am                  G
 Бартар зи самову Каҳкашон аст.
.       F
 Бартар зи ҳар он чи будаву ҳаст,
.     Dm                 G
 Эй Қодири Мутлақ, эй Фародаст.

[V2]
 Пӯшонда замину осмонро,
 Авҷи фалаку ситорагонро.
 Тифлон ба забони безабонӣ
 Васфи Ту кунанд тарҷумонӣ.

[C1]
.  Am               F
   Гар вирди забони мост номат,
.  Am                E
   Пайваста ба ҷони мост номат.
.  E
   Ин фахр бувад ҳамеша моро,
.  E
   Гар васф кунем мо Худоро.

[V3]
 Душман ҳама ҷо зи рӯсиёҳӣ
 Шарманда зи рӯзи додхоҳӣ.
 Ҳар гаҳ ки ба осмон бубинам,
 Бар моҳу ситорагон бубинам.

[V4]
 Ночиз намоядам ба чашмон
 Дар хилқат агар мақоми инсон,
 Лекин ту варо мақом додӣ,
 Шоистагии тамом додӣ.

[V5]
 Дар ҷои фариштагон агар нест,
 Афзалтар аз Ӯ касе дигар нест.
 Тоҷе ба сараш ниҳодаӣ Ту,
 Шаъну шарафаш бидодаӣ Ту.

[V6]
 Ҳайвону паррандаро ба фармон
 Бинҳодаӣ зери дасти инсон.
 Дарёи муҳаббатат равон аст,
 Лутфи Ту ба мо чӣ бекарон аст.</lyrics>
<hymn_number>144</hymn_number>
<aka>Номат, ки шукӯҳи ҷовидон аст</aka>
<key>Am</key>
</song>